Душанбе. 10-уми май. «Азия-Плюс» — Дар яке аз бозорҳои бузургтарини шаҳри Душанбе – «Шоҳмансур», ки миёни мардум ва меҳмонони пойтахт бештар бо номи «Зелёний» маъруф аст, сӯхтори азиме сар зад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, сӯхтор шаби 9-уми майи соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваста, дар майдони 300 метри мураббаъ ошхона ва клуби бозии билярдро нобуд сохтааст. «Ба дастаҳои оташнишонии ҳозиршуда муяссар гардид, ки хатари паҳншавии оташ ба нуқтаҳои фурӯши гирду атрофро пешгирӣ намоянд», - гуфт сарчашма.
Зикр гардид, ки бинобар муайян сохтани сабабҳо ва ҳаҷми зарари расида рӯзи 9-уми май бозори «Шоҳмансур» баста шуда буд.
Бино ба маълумоти Хадамоти давлатии оташнишонии ҷумҳурӣ, соли равон дар қаламрави Тоҷикистон 269 ҳодисаи сӯхтор (ҳамин давраи соли гузашта – 182 ҳодиса) ба вуқӯъ пайваста, бар асари он 9 нафар ҳалок ва 59 тан осеб дидаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста