Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Шабонарӯзи гузашта кормандони вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ беш аз 120 кило маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар таърихи 25уми май кормандони мақомот дар шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти гайриқонунии маводи мухаддир автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра»-ро таҳти идораи шаҳрванд М.Б.-и 39 сола боздошт карда, зимни кофтуков аз дохили он беш аз 45 кило маводи мухаддири навъи ҳашишро дарёфт ва мусодира мекунанд. «Дар ҷараёни тафтишоти минбаъда маълум шуд, ки ронанда ин миқдор маводи нашъаоварро аз шаҳрванд А.К.-и 32 сола харидааст», - гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз дар вилояти Суғд – шаҳри Чкаловск 73 кило ҳашиш, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 10 кило ҳашиш ва дар шаҳри Қайрокқум – зиёда аз 9 кило ҳашиш ва 13,4 кило бангдона дарёфт ва мусодира карда шудааст. «Ғайр аз ин, каме дуртар аз пойтахт як зани 45-сола, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Д.Н. бо 3 кило маводи сахттаъсири героин дастгир карда шуд», - афзуд сарчашма.
Зикр гардид, ки аз рӯйи ҳамаи далелҳои зикршуда парвандаҳои ҷиноӣ боз гардида, боздоштшудагон ба ҳабс гирифта шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста