Душанбе, 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе як зани 24-соларо бо миқдоре аз маводи сахттаъсири героин боздошт намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, ба гумони даст доштан дар интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар дохили меъда мусофири хатсайри ҳавоии Душанбе-Санкт-Петербург, сокини 24-солаи ноҳияи Рӯдакӣ боздошт шудааст. «Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ин зан дар дохили меъдааш 52 адад ғилофак (контейнер)-ро бо 500 грамм маводи героин ба хориҷи кишвар интиқол доданӣ будааст», - гуфтанд дар агентӣ.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далел дар шӯъбаи тафтишоти агентӣ мутобиқи моддаҳои 200, қ. 3 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) 32, қ.3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сўисқасди ҷиноят)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, айни замон ҷиҳати муайян кардани шахсони дигари ба ин амал дастдошта чораҳо андешида мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста