Душанбе. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Бар асари садамаи нақлиёт дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чаҳор нафар ба ҳалокат расида, боз як нафари дигар ҷароҳат бардошт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, дар роҳи мошингарди миёни деҳаҳои Палдорак ва Оббурдон ронандаи автомашинаи ВАЗ-2121, сокини 36-солаи ҳамин ноҳия Муҳиддин Ғафуров аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, он ба рӯдхонаи Зарафшон сарозер меравад. «Худи ронанда ҷон ба саломат бурдааст», - гуфтанд дар РКД-и вилоят.
Ба иттилои манбаъ, мусофирони дигари автомашина – Воҳид Валиеви 51-сола, Саврӣ Валиеваи 41-сола, Раҳим Валиеви ноболиғ ва Нозанин Валиеваи 6-моҳа дар рӯдхона ғарқ шудаанд. «Айни замон ҷустуҷӯйи ҷасадҳои Воҳид Валиев ва Раҳим Валиев идома дорад», - афзуд манбаъ.
Бино ба маълумоти сардори хадамоти матбуоти идораи Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд Фахриддини Аваззод, соли равон дар қаламрави вилоят 134 садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, бар асари он 68 нафар ҳалок ва 128 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта шумори садамаҳои нақлиёт ба андозаи 29% поин рафта, ҷабридидагон 44 нафар камтар ба қайд гирифта шудаанд, вале шумори ҳалокшудагон 18 нафар зиёд шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста