Хуҷанд. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Шаби 13 ба 14-уми июл дар ду бинои истиқоматии шаҳри Чкаловски вилояти Суғд сӯхтор сар зад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилоят хабар доданд, сӯхтор дар бинои истиқоматии № 65-и кӯчаи Осипенко соати сеи шаб ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷаи шамоли сахт он ба бинои истиқоматии ҳамсоя гузаштааст. Майдони умумии сӯхтор, ки ду бинои манзили истиқоматиро фаро гирифт, 180 метри мураббаъро ташкил додааст. Ба сӯхторнишинони ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда муяссар гардидааст, ки дар муддати якуним соат оташро пурра хомӯш кунанд.
«Бар асари сӯхтор сокини 33-солаи бинои истиқоматии № 65 Илҳом Даминов ба ҳалокат расид. Айни замон сабабҳо ва ҳаҷми зарари расида аз сӯхтор муайян карда мешаванд. Танҳо маълум аст, ки ба сӯхторнишинон муяссар гардидааст, ки амволи арзишманд ба маблағи 32 ҳазор сомониро аз оташ эмин нигаҳ доранд», - афзуд манбаъ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста