Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар зарфи 6 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 78 ҳодисаи офати табиӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 195 ҳодиса) рух дод, ки бар асари он 8 нафар (соли 2010 – 49 нафар) ба ҳалокат расиданд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳайбулло Латифов дар робита ба ин масъала мегӯяд, хушбахтона, соли равон нисбат ба соли гузашта ҳодисаҳои офатҳои табиӣ ва ҳаҷми зарари расида аз онҳо ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
«Дар ин давраи ҳисоботӣ аз офатҳои табиии гуногун 662 (соли 2010 – 3 ҳазору 844) манзили зист осеб дид, ки ҳаҷми умумии зарари расидаи он ба 1 млн. 702 ҳазору 300 сомонӣ (соли 2010 – 21 млн. 131 ҳазору 800 сомонӣ) баробар аст», - изҳор кард вай.
Ба қавли Ҳ. Латифов, ҳаҷми умумии зарари расида аз офтаи табиӣ дар соли равон 38 млн. 622 ҳазору 200 сомониро ташкил додааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки ин нишондиҳанда соли гузашта 231 млн. сомониро ташкил медод.
Дар ҳамн ҳол, номбурда изҳор кард, ки дар муқоиса бо соли гузашта шумори фавтидагон дар иншооти обӣ қариб ду маротиба афзудааст, зеро дар гармии тоқатфарсо сафи хоҳишмандони оббозӣ кардан дар кӯлу обанборҳо хеле зиёд аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста