Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли гузашта дар зарфи шаш моҳи соли равон сатҳи оби кӯли Сарез 2 метр поин рафт, - изҳор кард зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳайбулло Латифов.
Ба гуфтаи Ҳ. Латифов, сабаби асоси поинравии сатҳи оби кӯли Сарез дар он аст, ки зимистону баҳори соли равон обуҳаво хеле камборишу тобистонаш хушк омад.
«Айни замон кӯли Сарез бо низоми беҳтарини муосири огоҳкунӣ муҷаҳҳаз аст, ки бо низоми алоқаи кайҳонӣ пайваст аст ва он ҳангоми рахна шудани сарбанд дарҳол ба кор хоҳад омад», - гуфт ӯ.
Дар посух ба суоли рӯзноманигорон перомуни ҳамкории мутақобилаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон оид ба табодули итттилоот дар бораи кӯли Сарез бо мақомоти дахлдори Ӯзбекистон Ҳ. Латифов изҳор кард, ки дар ин масъала ҳеҷ мушкилоте ҷой надорад.
Сарез кӯлест дар Помир, дар кӯҳсори Рӯшон, ки дар баландии 3250 метр аз сатҳи дарё воқеъ аст. Дарозои кӯли Сарез 62 км, паҳнояш 3,3 км, жарфояш то 500 метр аст. Ҳаҷми оби он 17 миллиард метри мукаъаб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 милён тонна баробар аст. Ба ғайр аз рӯди Мурғоб, ки аз дарёи Оқсӯи Афғонистон сарчашма мегирад, дар ин кӯл 17 рӯди хурд ва 16 рӯди кӯчаки мавсимӣ мерезанд. Оби изофӣ асосан аз рӯи садд ба поён ҷорӣ мешавад.
Ин кӯл соати 11-у 15 дақиқаи шаби 18 феврали соли 1911 бар асари як зилзилаи сахт ва афтодани кӯҳпора бар сари роҳи рӯди Мурғоб падид омада аст. Дар паи ин зилзила деҳаи Усой дар Бадахшони Тоҷикистон зери хоку санг монда, аз тамоми сокинонаш танҳо як пирмард ва ду писарбача зинда монданд ва 57 нафар дар зери кӯҳпора ҷони худро аз даст доданд. Тамоми ҳайвоноти хонагии онҳо низ талаф шуд. Ҷамъулҷамъ бар асари ин зилзила 105 тан ҷони хешро аз даст дод.
Барои касбият, ҷасорат ва ҳақиқат. Хонандагон ҳафтаномаи “Азия-Плюс”-ро барои чӣ мехонанд ва дӯст медоранд?
Арабистони Саудӣ ба 35 ҳазор сокини Тоҷикистон кумаки молӣ мекунад
НАВШУДА. Вазири меҳнату раиси Оҷонсии нафақа аз мансаб озод шуданд. Бозхонди Шермуҳаммад Шоҳиён аз раисии Додгоҳи олӣ
Нуриддин Саид аз вазифа барканор ва Носир Саид раиси нави Кумитаи телевизион ва радио шуд
Аз эълони вазъи фавқулода то ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ. Доналд Трамп баъди савгандёдкунӣ корро аз чӣ оғоз кард?
Ҷудокори навраси тоҷик аз Ҷоми Африқо медали тилло ба даст овард
Кӣ ва ё чӣ ба рушди тиҷорат дар Тоҷикистон халал мерасонад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Посухи боғбон ба дузди ҷабрӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 январи соли 2025
Ба зоирон ҳам дахл дорад. Як талаби ҳатмии Арабистон аз мусофироне, ки ба ин кишвар мераванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста