Хуҷанд. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар кӯҳҳои минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як кӯҳнаварди олмонӣ ба ҳалокат расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи грждании вилояти Суғд Зафар Ашрафов хабар дод, шаҳрванди 40-солаи Олмон Александ Лукас Рос ҳангоми фатҳи қуллаи кӯҳ ба таври фоҷеавӣ ба ҳалокат расида, мақомоти додситонии ноҳияи Айнӣ ҷиҳати ошкор сохтани сабабҳои марги кӯҳнавард баргузории санҷишро оғоз кардаанд.
Ба қавли ӯ, ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзҳои 16-17-уми июли соли равон дар мавзеи Замоки ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ рух дода, кӯҳнавард бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ тахминан аз баландии 4500 метр аз сатҳи баҳр ба поён меафтад. Наҷотдиҳандагон ва кӯҳнавардон рӯзи 20-уми июл ба ҷустуҷӯйи ӯ оғоз карда, пас аз се рӯз – 23-юми июл ҷасади ӯро дар рӯйи пирях дарёфтаанд.
«Бо истифода аз банду ресмон ҷасади ӯро ба боло бардошта, сипас ба қароргоҳи кӯҳнавардон оварданд. Сипас ҷасад ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва минбаъд ба кормандони сафорати Олмон дар шаҳри Душанбе супурда шудааст», - гуфт Ашрафов.
Соли равон ин ҳодисаи нахустини ҳалокати кӯҳнавард дар вилояти Суғд аст. Соли гузашта низ дар кӯҳҳои қаламрави вилояти Суғд як кӯҳнаварди хориҷӣ фавтида буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста