Душанбе. 8-уми август. «Азия-Плюс» — Субҳи имрӯз дар бозори «Корвон»- и пойтахт сӯхтор сар зада, молу колои даҳҳо мағозаи маркази савдои «Элегант» ба коми оташ фурӯ рафт. Айни замон сабабҳои сар задани сӯхтор муайян карда мешаванд.
Сӯхтор бо иштироки 9 дастаи оташнишонӣ хомӯш карда шуд.
Феълан кормандони бозор аз сабабҳои сар задани сӯхтор тахмин мезананд. Яке далели содир шудани дуздӣ ва сипас оташ задани биноро аз эҳтимол дур намедонад. Чанде мегӯянд, дар ошёнаи якуми бинои «Элегант» ошхона мавҷуд аст ва шояд он сабаби сӯхтор гардида бошад. Аммо аксарият мутмаинанд, ки сабаби сар задани сӯхтор таҷзия (демонтаж)-и ноқили барқӣ аст.
Як моҳ қабл дар қисмати сӯхтаи маркази савдо кондитсионерҳо гузошта буданд. Чанде қабл бошад, аз болои бом боз як хати барқро пайваст кардаанд, то ки қисмати боқимондаро низ бо кондитсионерҳо таъмин намоянд.
Мақомоти раҳбарии бозор аз гуфтугӯ бо рӯзноманигорон худдорӣ карданд. Танҳо директори бозор Ҳалима Мавлонова гуфт, оташ майдони зиёда аз 200 метри мураббаъро нобуд сохтааст. Ӯ ба тоҷирон ваъда дод, ки аз нуқтаҳои фурӯши ҳар яке боздид намуда, ҳаҷми хисороти расидаро муайян хоҳад кард.
Айни замон дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи тафтишотӣ амал мекунад, то ки сабаби аслии сар задани сӯхторро муайян созад.Ҳамчунин дар он ҷо ҳамеша як гурӯҳи милисаҳо навбатдорӣ мекунанд, то ки ба ҳодисаҳои ғоратгарӣ роҳ надиҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста