Душанбе. 8-уми август. «Азия-Плюс» — | Ба оташнишинон хомӯш кардани сӯхтор дар бозори «Корвон» муяссар шуд. Сӯхтор дар маҷмааи савдои «Элегнт-и бозори мазкур субҳи имрӯз сар зада буд. Сӯхтор аз ҷониби 9 дастаи оташнишинон бартараф гардид. Отша қисмати зиёди маҷмааи савдоро нобуд сохт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҷойи ҳодиса муовини сардори Сарраёсати хадамоти оташнишонии ВКД ҶТ Маҳмадюсуф Ҳусейнов хабар дод, Айни замон ба бинои маҷмааи савдои «Элегант» об мепошанд, то ки сохторҳои пластикиро аз нобудшавӣ наҷот диҳанд.
М. Ҳусейнов зикр кард, ки сабабҳои сар задани сӯхтор то ҳанӯз муайян карда нашудаанд. Дар ҷойи ҳодиса кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳузур доранд, то ки ҳодисаҳои ғоратгариро пешгирӣ намоянд.
Бозори «Корвон» дар қисмати ҷанубии шаҳри Душанбе дар майдони 14 ҳазор метрии мукааб ҷойгир шуда, яке аз бозорҳои бузургтарини кишвар маҳсуб меёбад. Дар ин бозор чандин маротиби сӯхтор ба амал омад, ки ҳаҷми умумии хисорти он беш аз 3,5 млн. $ арзёбӣ мешавад. Сабабҳои аслии ҳамаи сӯхторҳо расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ унвон гардида буд.
Сӯхтори ахир дар бозори «Корвон» 13-уми августи соли 2008 ба амал омада буд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2025
15 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва аз саҳмияҳо кай даромад мегиранд?
Сохтмони метро дар Душанбе тобистони имсол оғоз мегардад
Мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ва имзои чанд санад. Бархе ҷузъиёти сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон
Таассуроти самимии рӯзноманигорони “The New York Times” аз истироҳатгоҳи “Хоҷа Обигарм”
Тоҷикистон дар рейтинги қобилияти зеҳнӣ дар ҷои чандум аст?
Тулӯъ ва ғуруби “Помир”. Чӣ тавр корхонаи маъруфи яхдон дар Душанбе моли таърих шуд?
Нархи нигоҳубини кӯдакон дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Манъи кор барои муҳоҷирон дар чанд самти дигар дар Воронеж
Шаш узви Ҳизби комунистии Тоҷикистон ҳам мехоҳанд вакили парлумон шаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста