Душанбе. 8-уми август. «Азия-Плюс» — Субҳи имрӯз дар бозори бузургтарини пойтахт – «Корвон» сӯхтори навбатӣ сар зад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» тоҷирони бозор хабар доданд, сӯхтор дар маҷмаии савдои «Элегант» ба амал омадааст.
«Айни замон ҳудуди чаҳор мағозаи фурӯши сарулибосу пойафзол бо оташ фаро гирифта шудаанд», - мегӯянд тоҷирон.
Ба қавли онҳо, дар ҷойи ҳодиса се дастаи сӯхторнишинон ба хомӯш кардани оташ машғуланд, вале кӯшишҳои онҳо то ҳанӯз натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд.
«Дар ҷойи ҳодиса кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва оташнишинон қарор дошта, қисмати марказии «Элегант» бо дуду оташ ффаро гирифта шудааст», - изҳор карданд тоҷирон.
Дар ҳамин ҳол, тоҷирон тасдиқ месозанд, сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар шабака буда наметавонад, зеро соли ахир дар вақти ғайрикорӣ интиқоли барқ ба иншооту мағозаҳои бозори «Корвон» қатъ карда мешавад.




Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста