Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ шаш нафар осеб диданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз РБДА-и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи Musso Абдуҳофиз Сангинови 34-сола ҳангоми ҳаракат дар роҳи қаламрави ноҳияи Варзоб аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи КамАЗ бармехӯрад.
«Бар асари бархӯрди автомашинаҳо ронандаи Musso ва панҷ нафар мусофирони он, ки миёнашон навраси 16-сола низ ҳузур дошт, ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, ҳамаи осебдидагон ба беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб мунтақил шуданд.
Дар зарфи 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 1 ҳазору 55 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 148 ҳодиса камтар аст. Аммо ҳарчанд шумори ҳодисаҳои садамаи нақлиёт камтар шуда бошад ҳам, шумори осебдидагон зиёд шудааст. Тайи 9 моҳи соли равон бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт 323 нафар ҳалок ва 1 ҳазору 197 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ин шумор дар ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 275 нафар ҳалокшуда ва 867 нафар ҷароҳатгирифтаро ташкил медод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста