Дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари сангреза як автомашина ба рӯдхонаи Панҷ сарозер рафта, дар натиҷа як тан ҳалок ва ду нафар кӯдакон ҷароҳат бардоштанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, рӯзи сешанбе, 15-уми ноябри ҳафтаи равон, автомашинаи навъи ГАЗ-53, ки таҳти идораи сокини 37-солаи маҳаллӣ қарор доштааст, таҳти сангреза қарор мегирад. «Ҳодисаи мазкур дар километри 565-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ, дар мавзеи Хехик-Хумроғӣ рух додааст», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои сарчашма, бар асари сангреза автомашина ба дарёи Панҷ сарозер рафта, яке аз мусофирони он дар рӯдхона ғарқ мешавад. «Ду нафар мусофиоони дигар, ки кӯдакони ноболиғ будаанд, ҷароҳатҳои гуногун бардошта, ба беморхона бистарӣ шудаанд», - гуфтанд дар ВКД.
Зимнан зикр гардид, ки худи ҳамон рӯз ҷасади ғарқшуда дарёфт гардида, ба кормандони милиса супорида шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста