Дар маркази шаҳри Душанбе ба болои як автомобили ҳаракатдошта дарахт афтод. Бар асари он мусофири автомашина дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда бо ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст.
Ин ҳодиса тахминан соатҳои 15:00 дар кӯчаи Пушкин, дар муқобили фабрикаи «Гулистон» ба вуқӯъ пайваст. Дар ҷойи ҳодиса издиҳоми зиёди мардум гирд омадаанд. Корҳои тозакунии роҳ идома доранд. Айни замон кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳаракати нақлиёт дар қисмати роҳи мазкур, яъне буриши кӯчаҳои Бохтар, Пушкин, Бухоро ва Теҳронро маҳдуд кардаанд.
Тавре як манбаъ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, зимни ҳаракат ба болои автомобили тамғаи «Нексия» дарахт меафтад. Мусофири он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда бо ҳолати вазнин ба бемористон мунтақил шудааст. Бино ба маълумоти Кумитаи мазкур, дарахт ба қисмати роҳи мошингузар ё ба вазнинии барф тоб наоварда афтодааст, ё шояд ба ин корҳои сохтмонӣ, ки бевосита дар наздикии он гузаронида мешаванд, боис шуда бошанд. Дар ҷойи ҳодиса кормандони КҲФ машғули коранд ва сабабҳои ҳодисаи мазкурро муайян мекунанд.
Айни замон гирифтани шарҳу тавзеҳоти расмӣ дар бораи шумори осебдидагон ва сабабҳои рух додани ҳодиса муясссар нагардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста