Бар асари таркиш дар як корхона дар ноҳияи Қумсангир ду нафар ҳалок гардида, ду тан ҷароҳат бардоштанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Қумсангир Холмурод Раҳмонов хабар дод, таркиш рӯзи 5-уми май дар корхонаи коркарди нафти «Сулола» воқеъ дар шаҳраки Нефтяник рух додааст.
Ба қавли Раҳмонов, тибқи маълумоти пешакӣ, таркиш дар натиҷаи риоя нашудани техникаи бехатарӣ ба вукуъ пайвастааст. «Дар ҷойи ҳодиса мақомоти дахлдор машғули кор буда, сабабҳо ва ҳаҷми зарар аз таркиш муайян карда мешаванд», - афзуд Раҳмонов.
Бино ба маълумоти расмӣ, корхонаи «Сулола» дар 10 километрии шаҳраки Дӯстӣ – маркази ноҳияи Қумсангир воқеъ буда, дар он ҳудуди 40 нафар машғули коранд. Дар корхона маводи сӯзишворӣ, аз қабили бензину солярка ва мазут истеҳсол мешавад.
Аз Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, ки кормандони хадамоти оташнишонӣ дарҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, гузаштани оташ ба дигар зарфҳои дорои маводи сӯзишвориро пешгирӣ кардаанд. «Айни замон корҳои тафтишотӣ идома доранд. Ҳолатҳои сар задани сӯҳтор ва ҳаҷми зарари расида муайян карда мешаванд», - гуфтанд дар вазорат.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста