Бар асари ду ҳодисаи садамаи нақлиёти рӯзи 23-юми май дар Тоҷикистон се нафар ҳалок ва 6 тан ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, садамаи аввал дар километри 27-уми роҳи мошингарди Хоруғ-Роштқалъа рух дод. Ронандаи 22-солаи автомашинаи «Мерседес-Бенс» аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ду роҳгузарро бо мошин пахш кардааст, ки дар натиҷа зани 66-сола ва навраси 11-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи дигар дар километри 130-юми роҳи автомобилгарди Рашт-Ҷиргатол ба вуқӯъ пайвастааст. Дар ин ҷо низ ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина чаппа шудааст. Дар натиҷа мусофири 6-сола ҳалок ва ронандаву боз панҷ мусофири дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста