Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд як тифли навзод ба ҳалокат расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд сокини 24-солаи шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод Алишер Саидов аз ӯҳдаи идораи автомашинаи тамғаи «Опел» набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес» таҳти идораи сокини 32-солаи ҷамоати Деҳмой Раъно Ортиқбоева бармехӯрад.
Ба иттилои манбаъ, бар асари бархӯрди автомашинаҳо тифли навзоди автомашинаи «Мерседес» Юсуф Қаюмов дар беморхона ба ҳалокат расида, ронанда ва се нафар мусофирон бо шумули як писари ноболиғ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд. Ҳамаи онҳо сокинони шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод мебошанд.
Бино ба маълумоти шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, дар зарфи 5 моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 96 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли 2011 – 109 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи он 46 нафар ҳалок (соли 2011 – 55 нафар) ва 97 тан (соли 2011 – 103 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста