Аввали моҳи июл шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Панҷакент Ҷӯрабек Суюнов дар яке аз обанборҳои шаҳри Среднеуралски вилояти Свердловски Русия ғарқ шуд.
Чанд рӯз баъдтар дар шаҳри Первоуралски ин вилоят сокини 24-солаи ноҳияи Нуробод Иброҳимҷон Салимов низ ғарқ шуда, ба ҳалокат расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия хабар доданд, бо мусоидати намояндагии мазкур ҷасадҳои ғарқшудагон тавассути ҳавопаймо ба ватан фиристода шуданд.
Дар идома аз намояндагии зикршуда иттилоъ доданд, ки тавассути мусоидати бевоситаи корманди намояндагӣ ба гурӯҳе аз муҳоҷирони кории тоҷик дар шаҳри Екатеринбург маблағи қарз аз музди меҳнат пардохта шудааст. «Пас аз суҳбат бо директори ҶДММ «Ростек» ба шаҳрвандони тоҷик дар ҳаҷми 380 ҳазор рубл музди меҳнат пардохт гардид», - гуфтанд дар намояндагӣ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста