Бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт якшанбеи ҳафтаи гузашта, рӯзи таҷлили иди саиди Рамазон се нафар кӯдакон ба ҳалокат расиданд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, садамаи аввал дар кӯчаи Котовскиии пойтахт рух дода, ронандаи автомашинаи тамғаи «Нексия» Зокир Сайфуллоеви 38-сола бародарон Искандар ва Алиҷон Ҳақназаровҳои 10-сола 7-сола ва ҳамчунин Садриддин Муҳаммади 9-соларо бо автомашинааш пахш кардааст. «Дар натиҷа ду нафар кӯдакон ба ҳалокат расида, ноболиғи 10-сола бо ҷароҳатҳои гуногун ба шифохона бистарӣ шуд», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, худи ҳамин рӯз дар қаламрави шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ ронандаи 24-солаи автомашинаи тамғаи «Daewoo Leganza» Н.А. кӯдаки 8-сола Маҳмуд Нарзуллоевро бо автомашинааш пахш кардааст, ки дар натиҷа ӯ аз ҷароҳатҳои бардошта дар шифохона фавтидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста