Бар асари садамаи нақлиёти рӯзи 26-уми август дар километри 110-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд панҷ нафар ба ҳалокат расиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА ВКД-и Тоҷикистон хабар доданд, садамаи фоҷеабор дар қаламрави ноҳияи Айнӣ рух додааст. «Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Даврон Набиеви 26-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба автомашинаи тамғаи «Митсубиси Паҷеро» таҳти дораи Бахтиёр Абдуллоеви 41-сола бармехӯрад», - гуфтанд дар Раёсати БДА.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин бархӯрд автомашина «Мерседес» ба рӯдхонаи Фондарё сарозер меравад. «Ронандаи автомашина ва мусофирони он – Таҳмина Холматоваи 35-сола, Саида Ғафуроваи 15-сола, Парвина Ғафуроваи 5-сола ва Ҷаҳонгир Ғафуров дар дарё ғарқ шудаанд», - афзуд манбаъ.
Зикр гардид, ки айни замон ҷиҳати дарёфти ва берун овардани ҷасади фавтидагон чораҳо андешида мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста