Аз ҷустуҷӯи ҷасадҳои оилаи Ғафуровҳо, ки рӯзи 26-уми август бар асари садамаи нақлиёт дар рӯдхонаи Фондарёи ноҳияи Айнӣ ғарқ шуданд, ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати омдгаии наҷотдиҳандагони КҲФ ва МГ ҶТ полковник Олег Пилкевич хабар дод, мутобиқи меъёрҳои байнулмилалии амалиёти наҷотдиҳӣ, дар дарёҳое, ки сатҳи ҷоришавии оби он аз ду метр дар як сония зиёдтар аст, ғаввосон корҳои наҷотдиҳӣ гузаронида наметавонанд. «Сатҳи ҷоршавии об дар рӯдхонаи Фондарё бошад, бамаротиб зиёдтар аст», - гуфт вай.
Ба гуфтаи ӯ, таҷрибаҳо гувоҳи онанд, ки рӯдхона дар муддати 20-15 рӯз худаш ҷасадҳои фавтидаро канори соҳил меафканад. «Шурӯъ аз рӯзи рух додани фоҷеа соҳилҳои рӯдхонаҳои Фондарё ва Зарафшон таҳти мушоҳидаи мунтазами наҷотдиҳандагони кумита қарор доранд», - афзуд номбурда.
Дар ҳамин ҳол, бо дархости хешовандони оилаи Ғафуровҳо сокинони деҳоти наздисоҳилии ноҳияҳои Айниву Панҷакент низ ба ҷустуҷӯ пайвастаанд.
Ёдрас мекунем, ки садамаи нақлиёти мазкур рӯзи 26-уми август дар километри 110-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, дар қаламрави ноҳияи Айнӣ ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа волидайн ва се нафар кӯдакони синнусоли аз 5 то 15-солаи онҳо фавтиданд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», саробони оила Даврон Ғафурови 36-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба автомашинаи тамғаи «Митсубиси Паҷеро» таҳти идораи Бахтиёр Абдуллоеви 41-сола бармехӯрад.
Дар натиҷаи ин бархӯрд автомашинаи «Мерседес»-и оилаи Ғафуровҳо ба рӯдхонаи Фондарё сарозер рафта, ҳамаи аъзои оилаи Ғафуровҳо ғарқ шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста