Тибқи маълумоти айни ҳол тасдиқнашуда, бар асари ҳодисаи сӯхтори шоми дирӯз дар бозори «Корвон» ҳадди ақал се нафар – ду марду як зан ҳалок шудаанд.
Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, ҳалокшудагон кӯшиш кардаанд, ки маҳсулоти худро аз оташ наҷот диҳанд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, соатҳои шаши бегоҳи дирӯз дар қисмати яклухтфурӯшии бозори «Корвон» сӯхтор сар зада, нахуст посбонон ва савдогарони бозор кӯшиш кардаанд, ки мустақилона оташро хомӯш кунанд. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, сӯхтор якбора дар якчанд ҷой сар задааст.
Ҳангоме ки сӯхтор аллакай даҳҳо фурӯшгоҳҳоро фаро гирифтааст, хадамоти оташнишонӣ даъват карда мешавад. Дар ҷойи ҳодиса ҳудуди 30 гурӯҳи оташнишонӣ фаъолият намуда, танҳо пас аз чор соат хомӯш кардани сӯхтор муяссар мегардад. Сӯхтор то ҳанӯз пурра хомӯш нагардида, аз баъзе ҷойҳои бозор то ҳанӯз дуд мебарояд.
Шаби гузашта ҳайати раҳбарии Сарраёсати оташнишонии ВКД дар ҷойи ҳодиса қарор доштанд. «Қисмати яклухтфурӯшии бозор пурра сӯхта, чизеро аз оташ эмин нигоҳ доштан дар он муяссар нашуд», - мегӯянд фурӯшандагони бозор.
Акс аз навори видеоии шоҳидон гирифта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста