Дар назди бинои маъмурияти бозори «Корвон» як издиҳоми мардум, ки якчанд ҳазор нафарро ташкил медиҳад, гирдиҳам омадаанд.
Тавре хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз ҷойи ҳодиса хабар медиҳад, мардум талаб доранд, ки мақомоти раҳбарии бозор ба наздашон баромада, ҳодисаро шарҳ диҳанд.
«Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кӯшиш доранд, ки мардумро ором созанд. Издиҳом омода аст, ки ҳар лаҳза дарвозаи бинои маъмурияти бозорро барканад. Дар ҷойи ҳодиса касе аз намояндагони мақомоти раҳбарии бозор ё кормандони баландпояи милиса ҳузур надоранд, то ки ба ҳодиса рӯшанӣ андозанд», - иттилоъ медиҳад хабарнигори ОИ «Азия-Плюс».
Ба гуфтаи ӯ, одамон тамоман навмеду маъюсанд, зеро бар асари сӯхтор тамоми бору колоҳояшонро, ки якчанд ҳазор доллар арзиш дошт, аз даст додаанд.
Тибқи баъзе маълумот, боз садҳо нафар ба назди бинои маъмуримяти президент роҳ пеш гирифтаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста