Рӯзи гузашта се нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ зери чархи мошин монда, ба ҳалокат расиданд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дар километри 227-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд Бобо Муродови 48-сола зери чархи автомашинаи тамғаи «БМВ-520» таҳти идораи сокини 44-солаи шаҳри Истаравшан Дилором Отабекова монда, аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Худи ҳамон рӯз дар шаҳри Панҷакент ронандаи трактори «Т-40», сокини 26-солаи ҷамоати Суҷина Суннатулло Бойназаров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо трактор Шоҳсанам Маҳмадисоеваи 18-соларо пахш мекунад, ки дар натиҷа ӯ дар ҷойи ҳодиса фавтидааст.
Ғайр аз ин, бар асари садамаи нақлиёте, ки дар кӯчаи ба номи Турсунзодаи пойтахт аз ҷониби ронандаи автомашинаи «Дэу», сокини 23-солаи шаҳри Норак ба вуқуъ пайваст, роҳгузар, сокини 16-солаи пойтахт Илҳом Одинаев ба ҳалокат расид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста