Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бар асари садамаҳои нақлиёт 6 тан ба ҳалокат расиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи якшанбе дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ автомашинаи тамғаи «BMW» таҳти идораи сокини 24-солаи шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов Далер Умаров ба автомашнаи боркаши КАМАЗ бархӯрда, дар натиҷа ронандаи автомашинаи сабукрав ва мусофирони он – Нусрат Давронови 32-сола ва Зарнисор Темирови 17-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Дар садамаи дигар дар ноҳияи Бобоҷон Гафуров боз як нафар фавтид. Дар ин садама автомашинаи «Мерседес-Бенс» таҳти идораи сокини 25-солаи ин ноҳияи Ҳотам Холматов аввал ба автомашинаи «БМВ» таҳти идораи сокини 22-солаи вилояти Ботканди Қирғизистон Шерзод Бобораҳимов ва сипас ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» таҳти идораи Ҳалим Саидмуродови 41-сола бархӯрда, дар натиҷа ронандаи «Опел» ва мусофири он ҷароҳат бардоштаанд. «Мусофири «Мерседес» Ғулом Нишонов дар бемористон ба ҳалокат расида, ронандаву мусофирони «БМВ» осеб надидаанд», - гуфтанд дар раёсат.
Бино ба маълумоти Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 8 моҳи соли равон дар роҳҳои шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷуммҳурӣ 207 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли гузашта – 222 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 97 нафар ҳалок (соли 201 – 104 нафар) ва 218 тан (соли 2011 – 225 тан) ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста