Шабонарӯзи гузашта бар асари чор садамаи нақлиёт шаш нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар қаламрави шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд Ҷовид Маҳмадҷонови 28-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба дарахти канори роҳ бармехӯрад. Дар натиҷа ронанда ва ду мусофири автомашина – Бибиҳанифа Маҳмадҷоноваи 55-сола ва Насиба Ҷамолиддиноваи 5-сола ба ҳалокат расиданд. Ду тан мусофири дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд.
Ҳодисаи дигар дар роҳи мошингарди Данғара-Қӯрғонтеппа ба вуқӯъ пайваст. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Нексия» Ҷумъахон Шарифови 27-сола ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» тахти идораи Муҳаббат Холматови 61-сола бармехӯрад. Дар натиҷаи ин садама як зан фавтидааст, ки шахсияташ ҳанӯз маълум нест. Ронандагон ва як мусофири дигар дар беморхона бистарӣ шуданд.
Боз як ҳодисаи садамаи нақлиёт дар Ваҳдат рух дод. Автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи сокини 31-солаи ноҳияи Файзобод Абдурозиқ Неъматов роҳгузар Олга Брединаи 54-соларо пахш мекунанд, ки бар асари он зан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин дар Ваҳдат ронандаи автомашинаи «КАМАЗ-5511», сокини 21-солаи ноҳияи Ваҳдат Бахтовар Солеҳов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаи боркаши бузургҳаҷм чаппа мешавад. Ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста