Бино ба маълумоти пешакӣ, дар садамаи нақлиёте, ки бар асари он рӯзноманигори бахшии форсии хабаргузории ВВС Искандари Фирӯз ҷароҳати вазнин бардошт, ронандаи автомашинаи «Тойотоа-Ландкрузер» гунаҳкор аст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати БДА ВКД ҶТ генерал-майор Маҳмадсаид Саидов хабар дод.

«Ташхис таъин гардида, пас аз итмоми он натиҷаҳо пешниҳод хоҳанд шуд. Аз рӯйи ин далел шуъбаи садамаҳои нақлиёти назди РКД шаҳри Душанбе тафтишот мегузаронад», - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари РБДА зикр кард, ки то ҳанӯз нусхаи муроҷиати созмонҳои хабарнигории ҷумҳурӣ ба вазири корҳои дохилӣ дар бораи таҳти назорат гирифтани таҳқиқи ҳодисаи мазкур ба дасти ӯ нарасидааст.

«Гуфтаниам, ки бидуни ҳама тасдиқҳову гуфтугӯҳо, ронандаи 22-солаи автомашинаи «Ландкрузер» Айёмиддин Раҳмиддинзода аз ҷойи ҳодиса ғайб назадааст», - таъкид дошт Саидов.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 9-уми октябр ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Ландкурузер» Айёмиддини 22-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тойота-Камри» таҳти идораи ҳамсоли худ Ҷавоншери Фирӯз бармехӯрад. Бар асари ин бархӯрд ду мусофири автомашинаи «Тойота-Ландкрузер», ронандаи автомашинаи «Тойота-Камри» ва мусофири он – журналисти 46-солаи хадамоти форсии хабаргузории ВВС Искандари Фирӯз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.

Аз Маркази миллии тиббӣ дар робита ба ин масъала ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки то ҳанӯз вазъи солимии Искандари Фирӯз хеле вазнин буда, ӯ дар ҳолати беҳушӣ (кома) қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои ОИ REGNUM, дар Маркази миллии тиббӣ дастгоҳи сунъии ҳавософкуни шуш аз кор баромада, ба ҳаёти журналист хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад. Табибони марказ изҳор кардаанд, ки чунин дастгоҳ дар пойгоҳи 201-уми низомии мустақар дар Тоҷикистон мавҷуд будааст ва танҳо онҳо ба наҷоти журналист кӯмак расонида метавонанд.