Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ба Раёсати тафтишотӣ ва Раёсати БДА ҷиҳати таҳқиқи дақиқи ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки аз он хабарнигори Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз осеб дид, супориш дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шуъбаи хадамоти нигаҳбонии ҳаракати роҳи РБДА ВКД-и ҷумҳурӣ Бахтиёр Вайсов хабар дод, бо назардошти изҳороти созмонҳои журналистии Тоҷикистон (11-уми октябр) бобати тафтишоти мӯшикофонаи ин ҳодиса, вазир ҷараёни таҳқиқи ин қазияро таҳти назорати худ қарор дод.

Ӯ зикр кард, ки рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон коршиносони Раёсати тафтишоти ВКД дар ҷойи садама ташхиси судиву тиббӣ доир намуда, натиҷаҳои ниҳоии он шоми имрӯз ё субҳи фардо омода мегарданд.

Дар ҳамин ҳол, сардори РБДА ВКД Тоҷикистон, генерал-майори милиса Маҳмадсаид Саидов бори дигар тасдиқ намуд, ки дар садамаи мазкур ронандаи автомашинаи «Ландкрузер» гунаҳкор аст, ки  ба автомашинаи журналист бархӯрдааст.

Субҳи имрӯз М.Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки дар ин садама бидуни шак ронандаи 22-солаи автомашинаи «Тойота-Ландкрузер» Айёмиддин Раҳмиддинзода гунаҳкор аст, «зеро бархӯрди автомашинаҳо дар хати роҳи автомашинаи журналист рух додааст».

«Ронандаи «Ландкрузер» ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, бо ин амал ба қоидаҳои ҳаракати роҳ риоя накардааст, аммо натиҷаҳои расмии ташхиси судиву тиббиро интизор шудан зарур аст», - гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки бинобар розӣ набудани иштирокчиёни садама бо хулосаҳои пешакии ташхиси кормадони БДА, ташхиси судиву тиббӣ гузаронида шуд. Қаблан сардори хадамоти матбуоти ШБДА РВКД дар Душанбе Шерафган Латифов изҳор дошта буд, ки мутобиқи маълумоти пешакӣ, дар садамаи нақлиётии мазкур ронандаи автомашинаи «Тойота Ландкрузер» гунаҳкор аст, аммо ӯ бо ин хулоса розӣ нест.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 9-уми октябр ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Ландкурузер» Айёмиддин Раҳмиддинзодаи 22-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тойота-Камри» таҳти идораи ҳамсоли худ Ҷавоншери Фирӯз бармехӯрад. Бар асари ин бархӯрд ду мусофири автомашинаи «Тойота-Ландкрузер», ронандаи автомашинаи «Тойота-Камри» ва мусофири он – журналисти 46-солаи хадамоти форсии хабаргузории ВВС Искандари Фирӯз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.

Муддати 9 рӯз аст, ки табибон баҳри наҷоти Искандари Фирӯз мубориза доранд. Субҳи имрӯз низ ӯ то ҳанӯз дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад. Табибон иттилоъ доданд, ки журналист ба дастгоҳи сунъии ҳавософкуни шуш пайваст гардида, баландшавии ҳарораташ ба мушоҳида мерасад, ки онро онҳо ба варами шуши чанде қабл мавҷудбуда нисбат медиҳанд.