Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар робита ба масъалаи садамаи нақлиёт, ки дар рух додани он корманди сафорат гумонбар дониста шуда, ҷабрдида ба ҳалокат расид,, бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад ва намояндагии дипломатии ИМА ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар дода, аз шарҳи ҷузъиёти дигар худдорӣ карданд.
Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 29-уми декабр дар мавзеи буриши кӯчаи Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ як автомашина ба роҳгузар, сокини 52-солаи пойтахт, соҳибкори инфиродӣ Неъматҷон Бӯриев бармехӯрад. Худи ҳамон рӯз ин роҳгузар аз ҷароҳатҳои бардошта дар Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) ба ҳалокат мерасад.
Бино ба иттилои роҳбари департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев, дар мавриди ин ҳодиса ба унвони сафорати ИМА нотаи дахлдор ирсол гардида, дар ВКД ва ВКХ бо намояндагони сафорат вохӯриҳо доир гардидаанд. Ба оилаи ҳалокшуда КВД «Тоҷикдипсервис» кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад.
Тибқи иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ОИ «Азия-Плюс», то имрӯз сафорати ИМА автомашинаи таҳти рақами 004 D 005-ро барои азназаргузаронии техникӣ пешниҳод накардааст. Ба қавли шоҳидони ҳодиса, маҳз автомашинаи дорои чунин рақам пиёдагардро пахш кардааст.
Бино ба маълумоти мавҷуда дар ОИ «Азия-Плюс», автомашинаи Volkswagen Tuareg дар ихтиёри корманди сафорат Фэррер Дэвид қарор доштааст. Муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими пулис барои баррасии ҳодисаи мазкур аз ИМА ба Тоҷикистон омадааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Акбар Бердиев, бародари фавтида дар садама хабар дод, дар бораи ҷараёни тафтиши ҳодисаи мазкур ӯ огаҳӣ надорад. «Яона чизи ба ман маълум он аст, ки гӯё гунаҳкори садама ва ҳамсари ӯ аллакай қаламрави Тоҷикистонро тарк кардаанд», - гуфт Акбар Бердиев.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста