Бар асари ба ҷарии 300-метра сарозер рафтани автомашина дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ронанда ҳалок ва мусофири он ба бемористон бистарӣ шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, рӯзи якшанбе зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, дар километри 153-уми роҳ ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини ноҳияи Ҳисор, донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи ҳуқуқ ва андози шаҳри Душанбе Бахтовар Нуралиеви 25-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба ҷарӣ сарозер меравад.
«Дар натиҷа ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири он – сокини 26-солаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Мақсуд Сангинов бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористони ноҳияи Айнӣ бистарӣ шудааст», - гуфтанд дар раёсати мазкур.
Бино ба маълумоти Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, моҳи феврали соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 45 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли гузашта – 41 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, бар асари он 21 нафар ҳалок (соли 2012 – 24 нафар) ва 51 нафар (соли 2012-38 нафар) ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста