Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ тамоили камшавии ҳодисаҳои худкушӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба мушоҳида мерасад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар зарфи 3 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 60 далели даст ба худкушӣ задан ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳодиса камтар мебошад.
Ба иттилои манбаъ, миёни ин афрод 33 нафарашон мардону 5 писари ноболиғ ва 27 тан занону 1 духтари ноболиғ буда, 14 нафар бо сабаби носолимӣ, 6 нафар бар асари ҷанҷолҳои оилавӣ, ду нафар дар натиҷаи вазъи бади молӣ ва боқимонда бо сабабҳои гуногун даст ба худкушӣ задаанд.
Зимнан зикр гардид, ки аксари ин шахсон (53 нафар) тавассути худро ба дор овехтан ба ҳалокат расидаанд. Дар ин давра аз рӯи далели то ба худкушӣ оварда расонидан парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста