Сӯхтори шоми дирӯз дар бозори «Фаровон»-и шаҳри Қӯрғонтеппа сарзада дар муддати якуним соат аз ҷониби 11 дастаи оташнишонон хомӯш карда шуд.
Бино ба маълумоти ВКД ҶТ, сӯхтор майдони тақрибан 30%-и қаламрави бозорро фаро гирифта, барои хомӯш кардани он тамоми қувваи мақомоти корҳои дохилӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои ҳукуматӣ сафарбар карда шуданд.
Ба иттилои манбаъ, сӯхтор дар яке аз мағозаҳои фурӯши бозичаҳои кӯдакона сар зада тахмин меравад, ки аз ҳисоби расиши ноқилҳои барқӣ ба вуҷуд омадааст.
Гуфта мешавад, барои муайян намудани сабаби асосии сӯхтор аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи мақомотҳои корҳои дохилӣ, прокуратура, кумитаҳои амнияти миллӣ ва ҳолатҳои фавқулода гӯруҳи корӣ таъсис дода, санҷиши пешаки оғоз ва инчунин лабораторияи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шудааст. Талафоти ҷонӣ нест.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста