Рӯзи 28-уми апрели соли равон соати 17:10-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” Пайрав Ашӯрови 28-сола, сокини ноҳияи Шӯрообод ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шӯрообод ба самти шаҳри Душанбе дар километри 144-уми роҳи автомобилгарди ҳудуди ноҳияи Данғара, наздикии деҳаи Қаюмобод, қоидаи ҳаракати роҳро дағалона вайрон намуда, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Баҳриддин Сабурови 23-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, деҳаи Заркорон, ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб ҳаракат мекард, бармехӯрад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” шаҳрванд Пайрав Ашӯров ва мусофирони автомашинаи мазкур Муродов Ҷовид Раҳмонбердиевич соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Шӯрообод, Исоев Сироҷиддин Сайфиддинович соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Восеъ ва Сафарова Фаришта Файзовна соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, мусофирони автомашинаи “Опел-Астра” Шамсиддинов Назар соли таваллудаш 1940, сокини шаҳри Кӯлоб, Абдуллоев Сафар Исоевич соли таваллудаш 1978, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ ва Ҳасанов Ҷӯрахон Ҳусайнович соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Кӯлоб, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Сабуров Баҳриддин ва мусофири дар дохили автомашинабуда Суннатуллои Шералӣ соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, деҳаи Қурбоншаҳид, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ бистарӣ мегарданд. Нисбати ҳодисаи мазкур корҳои тафтишотӣ идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста