Дар мавсими гармо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукуматаи Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмононро ба эҳтиёткорӣ зимни оббозӣ дар обанбору ҳавзҳо даъват мекунад.
Дар изҳороти интишоршудаи Кумита зикр мегардад, ки бо баланд шудани ҳарорати ҳаво ва оғози мавсими шиноварӣ дар дарёҳо, обанборҳо, каналҳо ва ҳавзҳо, ки ба таҳдиди эҳтимоли ғаркшавии шаҳрвандон оварда мерасонад, аз ҳамагон эхтиёткорӣ талаб карда мешавад.
Гуфта мешавад, мувофиқи маълумоти соли 2012, бар асари риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ 113 нафар ба ҳалокат расиданд ва то 30-юми майи соли ҷорӣ бошад, шумораи ғарқшудагон дар ҷумҳурӣ ба 20 нафар расидааст, ки он ниҳоят ташвишовараст.
«Бинобар ин ба Шумо шаҳрвандон ва меҳмонони Тоҷикистон муроҷиат карда, хоҳиш ва тақозо дорем, ки барои ҳимояи ҳаёти худ ва наздиконатон ҳангоми истироҳат ва шиноварӣ дар наздикии дарёҳо, каналҳо ва обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоед ва аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда ва дарёҳои тезҷараён худдорӣ кунед», - омадааст дар изҳорот.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста