Бар асари як садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ чор нафар ба ҳалокат расиданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл ҳангоми ҳаракат дар километри 316-уми роҳи мошингарди мазкур ронандаи автомашинаи тағаи «Опел_Астра» Бахтиёр Алиеви 26-сола аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд. «Дар натиҷа автомашинаи ӯ ба автомашинаи ҳамин тамға таҳти идораи Заррина Ҳакимоваи 36-сола бармехӯрад», - гуфтанд дар Раёсати ВКД.
Ба иттилои манбаъ, бар асари бархӯрди автомашинаҳо ронандагон ва ду мусофири дохили воситаҳои нақлиёт дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Бино ба маълумоти Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 5 моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 114 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли гузашта – 95 ҳодиса) ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари он 45 нафар (5 моҳи соли 2012 – 46 нафар) ҳалок ва 119 нафар (5 моҳи соли 2012 – 96 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста