Нимсолаи аввали соли равон бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 9 нафар (ҳамин давраи соли гузашта – 25 нафар) ҷони худро аз даст доданд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, аз ин шумор 4 нафар дар вилояти Суғд, 4 нафар дар минтақаи Рашт ва 1 нафар дар ноҳияи Ҳисор ба ҳалокат расидаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни 116 амалиёти ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ кормандони Кумита 17 нафарро наҷот ва 17 ҷасади фавтидагон бар асари селу сангфароӣ, обхезӣ ва ғарқшудагонро дарёфт намудаанд.
Зимнан зикр гардид, ки ҳаҷми маблағи зиёни расида дар ин давра бар асари офатҳои табиӣ беш аз 60,3 млн. сомониро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста