Бар асари як садамаи нақлиёти фоҷеабор, ки шоми дирӯз дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дод, се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, суръати хеле баланди автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами давлатиаш ВМ 20-20 РТ 01 ба ин ҳодиса боис гардидааст.
«Ин автомашина ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Рӯдакӣ ба тарафи кӯчаи И. Сомонӣ, дар чорроҳаи кӯчаи Рӯдакӣ- Шоҳмансур ба муқобили самти ҳаракат мебарояд, ки дар натиҷа ба автомашинаи тамғаи ВАЗ 21-014 рақами давлатиаш 80-36 ВВ 01, ки аз кӯчаи Шотемур ба самти кӯчаи Шероз ҳаракат мекард, бармехӯрад», - зикр мегардад дар иттилои ВКД.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин бархӯрд, ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ 21-014 ва ду мусофири дохили он бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун мебардоранд.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, гунаҳкорони садамаи марговар муайян карда мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста