Комиссияи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таҳқиқи сабабҳои ба садама дучор шудани қатораи самти Душанбе-Хуҷанд ба чунин хулосае расид, ки садама бо гуноҳи роҳиоҳанчиёни ӯзбек рух додааст.
Аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар доданд, ки роҳиоҳанчиёни ӯзбек эътироф намудаанд, ки саривақт ҳамтоҳои тоҷики худро дар бораи баргузории корҳои таъмир дар ин қитъаи роҳ огоҳ накардаанд.
Ба иттилои манбаъ, Ӯзбекистон пардохти тамоми хароҷоти марбут ба таъмири қатораи Тоҷикистонро ба дӯш гирифтааст. Айни замон ҷонибҳо масъалаи ҷудо кардани ҷубронпулӣ ба мусофирони осебдидаи қатораро баррасӣ доранд.
Ёдрас мекунем, ки соати 09:40 дақиқаи рӯзи 10-уми октябр қатораи масири Душанбе-Хуҷанд дар қаламрави Ӯзбекистон ба садама дучор шуд. Панҷ вагони ин қатора дар ноҳияи Ғаллаарали вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон аз роҳи оҳан берун рафта, сарнагун шуда буд. Шоми дирӯз бо як ҳайати қатора мусофирони қатораи мавриди садама дучоргардида ба ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мунтақил гардидаанд, ки 33 нафарашон ҷароҳатбардоштагон будаанд.
Дар корхона зикр крда буданд, ки ин қатора ҳамчун хатсайри доимӣ амал накарда, бо дархости Вазорати мудофиа ба роҳ баромад ва ду рӯз қабл аз сафар бо наваскарону афсарон роҳиоҳанчиёни тоҷик ҳамтоҳои ӯзбеки худро дар бораи замони убури қатора дар қаламрави Ӯзбекистон тавассути телефонограмма огаҳ карда будаанд.
Ҳафтае пеш бо ҳамин тарз тавассути қаламрави Ӯзбекистон қатора бо навасакарон ба шимоли ҷумҳурӣ сафарбар шуда, то нуқтаи таъинот бидуни мушкилие расид, аммо ин дафъа Тоҷикистонро дар бораи корҳои таъмир огаҳ накардаанд, ҳарчанд ҷониби Ӯзбекистон аз ин огоҳ карда шуда будааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста