Бар асари як садамаи нақлиёти фоҷеабор дар километри 17-уми роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол 7 нафар ба ҳалокат расиданд.
Бино ба иттилои ВКД ҶТ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», сокини ноҳияи Файзобод Фирдавс Юсуфови 34-сола ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи сокини 38-солаи ноҳияи Файзобод Сабзалӣ Олимов бармехӯрад.
«Дар натиҷа ронандагони ҳарду автомашина, мусофирон Робия Қаландароваи 50-сола ва як марди шахсияташ номаълум аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд», - гуфта мешавад дар иттилои ВКД.
Зимнан зикр мегардад, ки дигар мусофирони автомашинаҳо Шоира Турсуноваи 35-сола, Омина Юсуфоваи 1-сола ва Фариза Қодироваи 49-сола дар роҳ ба бемористон фавтида, боз се нафар мусофирон бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон мунтақил шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста