Сабабҳои сар задани сӯхтор дар бинои ҳукумати ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ аз ҷониби комиссияи махсуси вилоят мавриди таҳқиқ қарор доранд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ВМКБ хабар доданд, тибқи маълумоти пешакии таҳқиқ, сӯхтор бар асари расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар яке аз ҳуҷраҳои кории бино сар задааст.
«Бино пурра сӯхта, ҳаҷми зарар муайян карда мешавад. Қаблан ба бинои дигар кӯчонидани ҳукумати ноҳияи мазкур дар назар буд ва сохтмони ин бино айни замон идома дорад», - гуфтанд дар ҳукумати вилоят.
Соати 02:30-и шаби рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар бинои ҳукумати ноҳияи Роштқалъа сӯхтор сар зада, биноро комилан нобуд кард. Ба макони сӯхтор аз Хоруғ ду дастаи оташнишонон сафарбар шуда, автомашинаи яке аз ин дастаҳо ба садама дучор гардид.
Бар асари садама ронандаи автомашина,, сержанти хадамоти оташнишонӣ, сокини 28-солаи ҷамоати Поршнев Амруд Дӯстназаров ва сержанти калони хадамоти оташнишонӣ, сокини 34-солаи шаҳри Хоруғ Шероз Раҷабмамадов ба ҳалокат расиданд. Боз ду нафар кормандони хадамоти оташнишонӣ бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон кормандони ҳукумати ноҳияи Роштқалъа дар биноҳои шуъбаи маориф ва шуъбаи кор бо собиқадорон ҷойгир карда шуда, бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста