Бар асари як ҷанҷол байни хонандагони мактабҳои рақами 7 ва 12-и шаҳри Қӯрғонтеппа як мактаббача аз зарби корд ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Бино ба итиллои як манбаъ аз ШВКД шаҳри Қӯрғонтеппа, дирӯз хонандаи синфи 11-и мактаби рақами 7 ҳамроҳи донишҷӯи яке аз коллеҷҳои шаҳр бо хонандагони мактаби рақами 12-и шаҳр муноқиша мекунанд. «Дар натиҷаи ин ҷанҷол яке аз хонандагони мактаби рақами 12 аз зарби корд ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуд. Айни замон вазъи саломатии ҷабрдида муътадил арзёбӣ мешавад», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки кормандони ШВКД-и шаҳри Қӯрғонтеппа хонандаи синфи 11-и мактаби рақами 7-ро ба гумони расонидани зарари ҷисмонӣ ба ҷабрдида боздошт ва ҳоло таҳқиқи ин ҳодиса аз тарафи муфатишони шуъбаи номбурда идома дорад.
Гази моеъ баъди чанд муддати “камчинӣ” каме арзон шудааст
“Ба номи “Мухтор-ака” ва “писари қозикалон” ҷоиза таъсис шавад”. 110-солагии ҳунарпешаи шаҳири тоҷик Аслӣ Бурҳонов
Дарёфту мусодираи 127 кг маводи мухаддир аз як гурӯҳи нашъаҷалоб дар Душанбе
Шаҳр, маҳалла, истгоҳи роҳи оҳан. Чаро дар Суғд иншооти ваъдашударо то ҳол насохтанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Достони аҳли зарвон”
Теъдоди ҳалокшудагони заминларзаи Тибет ба 126 кас расид. Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин изҳори тасаллӣ кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2025
Сарвазирони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон масъалаи марзиро баррасӣ мекунанд
Идомаи тағйироти кадрӣ. Раисони чанд шаҳру ноҳия ва ду кумита дигар шуданд
Вазорати тандурустӣ гуфт, “Мета Пневмовирус” дар Тоҷикистон сабт нашудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста