Бар асари сӯхтор, ки шоми рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар кӯчаи Разини шаҳраки Железнодорожнийи вилояти Маскав сар зад, панҷ нафар, аз ҷумла тифли 8-моҳа ва кӯдаки 4-сола ба ҳалокат расиданд.
Намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳалокшудагон зодагони ноҳияи Панҷи кишвари мо – бародарон Илҳомҷон ва Ҷамшед Умарови 29-сола ва 27-сола ва шаҳрванди ҶТ Иззатбӣ Ҳакимова бо кӯдаконаш мебошанд.
Ба қавли Эгамзод, сӯхтор бинобар сабаби расиши ноқилҳои нерӯи барқ ва ҳамчуни таркиши баллони газ ба амал омадааст. «Тафтиш оғоз гардида, молики манзили отшагирифта, ки ба ҳалокшудагон онро ба иҷора додааст, муайян карда шуд. Кормандони хадамоти оташнишонӣ пайи таҳқиқи тамоми ҳолатҳои сар задани сӯхторанд», - гуфт ӯ.
Эгамзод мегӯяд, корманди ба маҳалли сӯхтор сафарбаршудаи хадамоти консулгарии сафорат ҳамдиёрони ҳалокшудагонро пайдо намуда, онҳо тасдиқ крадаанд, ки фавтидагони дарвоқеъ ҳам дар ҳамин манзил иқомат доштаанд. «Ҳамчунин маълум шуд, ки дар ду ҳуҷраи дигари хона боз як шаҳрванди Тоҷикистон ва як оила аз Ӯзбекистон зиндагӣ мекрдаанд. Онҳо тариқи тиреза худро ба берун гирифта, аз ҳалокшавӣ наҷот ёфтаанд», - афзуд номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки имрӯз маросими муайян кардани шахсияти фавтидагон баргузор мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста