Ба муфаттишони кишвари Забайкалйеи Русия то ҳанӯз муяссар нашуд, ки гумонбарони қатли муҳоҷири кории тоҷик дар Чита рӯзи 2-юми январро муайян созанд.
Бино ба маълумоти мақомоти тафтишот, дар муайян кардани гумонбарони ин ҳодиса муфаттишон аз аҳолии кишвари Забайкалйе кумак дархост намуда, бо гарави ифшо накардани ному насаб хоҳиш кардаанд, ки дар сурати ягон маълумоте доштан дар ин бора бо телефонҳои 8(3022) 32-09-71 ё 02 занг зананд.
Зикр мегардад, ки дар давраи сипаришуда муфаттишон ва кормандони фаврии мақомоти пулис ҷиҳати муайян кардани гумонбарони ин ҷиноят чорабиниҳои зиёди тафтишотӣ анҷом додаанд.
«Муфаттишон тамоми ҷузъиёти ҷойи ҳодисаро таҳқиқ намуда, тирҳоро мусодира ва ба тамоми чизҳову ашёи аз ҷойи ҳодиса мусодирашуда ташхисҳои судӣ таъин карданд, аммо то ҳанӯз муайян кардани шахсияти гумонбарон ва шоҳидони содир шудани ҷиноят муяссар нагардид», - иттилоъ медиҳад пулиси кишвари Забайкалйе.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 2-юми январи соли равон дар шаҳри Читаи Русия як муҳоҷири кории тоҷик бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста