Бар асари садамаи нақлиёт дар Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва боз ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, субҳи рӯзи якшанбе дар роҳи мошингарди Челябинск – Троитс, наздикии Южно-Уралск ду автомашинаи сабукрав ба ҳам бархӯрда, дар натиҷа ду шаҳрванди Тоҷикистон - зодаи ноҳияи Айнӣ Амиршо Азимқулови 19-сола ва сокини ноҳияи Румӣ Ҳошимҷон Раҳимови 35-сола ва ду шаҳрванди Русия –дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, сокини 39-солаи ноҳияи Айнӣ Абдумуталиб Набиев ва Исмоил Меликов (сана ва ҷойи таваллудаш муайян мешаванд) бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористони Южно Уралск бисарӣ шудаанд.
Зимнан зикр гардид, ки намояндагӣ ба хешону наздикони фавтидагон ҷиҳати омодакунии ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ба ватан фиристодани ҷасади онҳо кумак мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста