Дар қитъаи роҳи оҳани самти Спитамен-Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ду вагони боркаш аз релсҳо бероҳа шуда, чаппа шуданд.
Муовини сардори хадамоти боркашонии Идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар вилояти Суғд Убайдулло Обидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин ҳодиса соати 17-00-и рӯзи 30-юми апрел рух додааст.
«Талафоти ҷонӣ нест. Вагонҳо боркаш буда, тариқи транзит аз Ӯзбекистон тавассути Тоҷикистон ба водии Фарғона равона буданд, - гуфтанд дар Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон. – Оид ба озод кардани роҳ тадбирҳои саривақтии зарурӣ андешида шуда, ҳаракат дар ин қитъаи роҳ боздошта нашуд. Вагонҳо дарҳол бардошта шуда, маҳсулоти онҳо зарар надидааст. Вагонҳо минбаъд ба нуқтаи таъинот равона карда шуданд».
Дар Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон таъкид доштанд, ки ин ҷо дар бораи амалҳои барқасдонаи харобкорӣ (диверсия) сухан гуфтан ҷойиз нест, вале ба ҳар ҳол, комиссияи корӣ аз Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон дар ҷойи ҳодиса ба таҳқиқи сабабҳои рух додани он машғуланд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста