Аз боришоти шадиди шаби 10 ба 11-уми май чанде аз ноҳияҳои кишвар хисорот бардоштанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар натиҷаи беҳад болоравии сатҳи об дар дарёи Элок аҳолии ҷамоатҳои ба номи Абдувосиев, Раҷаб Исмоилов, Симиганҷ ва деҳаи Чорсӯи шаҳри Ваҳдат осеб дидааанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷамоати ба номи Абдувосиев – 15, деҳаи Чорсӯ – 10 ва ҷамоати ба номи Раҷаб Исмоилов – 2 манзили зист осеб дидааанд. «Дар ҷамоати Симиганҷ 5 автомашина, 10 манзили зист ва 1 мағоза зери сангу лойқа монда, 2 километр роҳи мошингард хароб шуд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки дар ҷамоати Даҳанаи ноҳияи Ёвон қубури нуқтаи таъминоти об (водопровод) хароб гардида, дар ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ сел ба 400 манзили зист зарар расонидааст. «Айни замон дар маҳалҳои ҳодиса гурӯҳҳои корӣ машғули муайян кардани ҳаҷми хисороти расида мебошанд», - афзуд сарчашмаи хабар.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста