Зодаи ноҳияи Рӯдакӣ Шокирҷон Шарифови 27-сола дар ҳавопаймои хатсайри Душанбе – Челябинск вафот кард.
Бино ба иттилои намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод, ҷасади ҳалокшуда ба мурдахона (морг)-и шаҳри Челябинск оварда шуда, айни замон ташхисгарон сабаби марги ӯро таҳқиқ доранд.
«Сафорат бо сохторҳои дахлдори Русия мунтазам дар тамос буда, ба консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург, намояндагии Хадамоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия ҷиҳати минбаъд ба ватан фиристодани ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон дастур супоришҳо дода шуд», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи узви Шӯрои ҷамъиятии назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон дар вилояти Челябинск Исломиддин Раҷабов, таҳқиқи сабабҳои фавти Ш.Шарифов то ҳанӯз идома доштааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста