Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон аз санаи 22-юми июл ба реҷаи пурзӯри адои хизмат мегузарад.
Котиби матбуотии КҲФ ва МГ Тоҷикистон Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин тасмими раҳбарияти Кумита ба пешгӯии обуҳавошиносон дар бораи рӯзҳои 22-23-юми июл шадидан гарм шудани ҳарорат марбут аст.
«Дар ин рӯзҳо болоравии сатҳи об дар тамоми дарёҳои кишвар ва фаромадани сел дар доманакӯҳҳо бар асари обшавии босуръати пиряхҳо дар назар аст. Аз ин рӯ, шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳуриро ба ҳушёрӣ даъват мекунем», - гуфт Нозимов.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Муассисаи давлатии обуҳавошиносии кишвар, рӯзҳои 22-23-юми июл болоравии ҳарорат дар Душанбе то 40-42, вилояти Хатлон – то 33-38, Суғд – то 31-36 ва ВМКБ – то 21-26 дараҷа гармӣ дар назар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста