Дар вилояти Маскави Русия ҷавонзани тоҷик бо кӯдакаш аз ошёнаи 9-уми яке аз биноҳои истиқоматӣ худро ба замин партофта, худкушӣ кардааст.
Тавре сухангӯи намояндагии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Амадов хабар дод, пас аз расидани маълумот дар бораи ҳалокати шаҳрванди Тоҷикистон, бо супориши сафири Тоҷикистон дар Русия кормандони сафорат ва намояндагӣ бо мақсади ошкор кардани ҳолатҳои ҳодисаи мазкур ба шаҳри Звенигороди вилояти Маскав сафарбар шудаанд. Муайян карда шудааст, ки ҳалокшуда шаҳрванди Тоҷикистон, сокини шаҳри Трусунзода Уғулой Юлдошеваи 27-сола мебошад.
Шоми 2-юми август, тақрибан соати 21-00 Юлдошева бо кӯдакаш худро аз ошёнаи 9-уми бинои истиқоматии баландошёнаи воқеъ дар кӯчаи Радужнаяи шаҳри Звенигород ба замин меафканад. Дар натиҷа ҷавонзан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, кӯдаки 2-сола Абӯбакр Қудратов бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористони шаҳрӣ мунтақил мегардад. Баъди чанде ӯ ба пажӯҳишгоҳи ҷарроҳии фаврии кӯдакона ва осебшиносӣ ба Маскав фиристода шуда, дар дармонгоҳи Рошал барои наҷот бахшидани ҳаёти кӯдак мутахассисони варзида талош мекунанд.
Зикр гардид, ки кормандони сафорат ва намояндагӣ вазъи солимии кӯдакро пайгирӣ доранд. Баъди анҷоми расмиёти зарурӣ ҷасади ҷавонзани ҳалокшуда ба Тоҷикистон фиристода мешавад.
Дар шаҳри Звенигород Уғулой Юлдошева бо шавҳараш Акмал Қудратов ва писари 2-солааш Абӯбакр зиндагӣ мекардааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, ин ҳодиса фоҷеабор бар асари ҷанҷоли оилавӣ ба вуқӯъ пайвастааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста