Бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Пскови Русия 5 нафар аъзои як хонаводаи Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.
Садама тақрибан соати 9-и субҳи рӯзи 7-уми сентябр дар километри 242-юми роҳи мошингарди Санкт-Петербург – Невел рух додааст. «Тибқи маълуомти пешакӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «МАН» бармехӯрад», - иттилоъ медиҳад сомонаи Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулдаи Русия дар вилояти Псков.
Гуфта мешавад, дар дохили автомашинаи «БМВ» 5 нафар қарор доштаанд. Дар аввал шахсияти онҳоро муайян карда натавонистаанд. Сипас «Интерфакс» бо истинод ба Раёсати минатқавии ВҲФ Русия иттилоъ дод, ки ҳамаи ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон – Тоҷибоев Суҳробҷон Юсуфҷонович, Раҳимова Нилуфар Изззатуллоевна, ҳарду 33-сола, Тоҷибоева Арофат Суҳробҷоновнаи 1-сола, Тоҷибоева Меҳрона Суҳробҷоновнаи 3-сола ва Тоҷибоева Шаҳзода Суҳробҷоновани 8-сола мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста